БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ РАСМИ БЕҲТАРИН ДАР КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб миёни донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо ва хонандагони синфҳои болоӣ озмуни “Расми беҳтарин” баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин озмунҳо зарур ва саривақтӣ буда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия месозад.

Ҳамчунин,  маврид ба зикри хос аст, ки дар озмуни мазкур довталабон аз донишгоҳ, коллеҷу муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида, аз ҷониби аъзои ҳакамон беҳтаринҳо интихоб  ва ба даври дуюми озмун пешниҳод гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg