БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТИ ПАРЧАМДОРӢ

АНДЕША. Давлат ҳамчун институти сиёсӣ дар низоми сиёсии ҷомеа мавқеъ ва нақши махсуси худро дорад. Аз ҳамин ҷост, ин институти иҷтимоӣ бояд рисолати таъмини низомро дар ҳама намуди муносибатҳо иҷро намояд, ҳамзамон дорои хусусиятҳои фарқкунандаи худ бошад. Мавҷудияти ҳудуди муайян, аҳолӣ, низоми мавҷудаи ҳуқуқӣ, ҳокимияти сиёсии расмӣ ва рамзҳои давлатӣ нишонаҳои асосии давлат ба ҳисоб рафта, дар ин қатор рамзҳои давлатӣ ифодакунандаи мақсад ва ормонҳои давлат метавонанд муаррифӣ гарданд.

Рамзи давлатӣ ин нишонаи махсусест, ки дар он хусусияти таърихӣ, фарҳангию сиёсӣ ва миллии ифодакунандаи мазмуни муайяни ғоявӣ ва ё ҳуввияту соҳибистиқлолӣ таҷассум ёфтааст. Таърихи парчамдории миллати куҳанбунёди мо, ки аз замони Коваи бузург сарчашма мегирад, ҳамчун рамзи сарбаландӣ, муросо накардан ба зулму истибдод, ҳимояи номус ва шараф, ҷасорат ва мардонагӣ маънидод мегардад. Дар масири пурпечутоби таърих миллати тоҷик вобаста ба ҳадаф ва мақсадҳои сиёсатҳо намои парчами худро дигар кардааст, вале ҳаргиз онро аз даст надодааст.

Аз соли 1924 то соли 1992 Парчами давлатии мо якчанд маротиба иваз шудааст. Масалан, вақте  ки соли 1924 Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистон таъсис ёфт, парчами мо аз матои сурхи дар як гўшааш акси нишон ҷойгир карда шуда буд. Баъдан дар солҳои 1929, 1931, 1935, 1936, 1938, 1940 ва 1953 бо қарорҳои дахлдори давлату Ҳукумат Парчамҳои нав тасдиқ карда шудаанд.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати таърихии тасдиқи рамзҳои давлатӣ пеш омад. Дар Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои муҳими давлатдорӣ масъалаи тасдиқи рамзҳои давлатӣ, аз он ҷумла Парчами давлатӣ низ баррасӣ гашта, тасдиқ гардида, тартиби истифодабарии он тибқи Низомномаи тасдиқгардида ба роҳ монда шуд.  Мутобиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».

Баъдан бо устувор гаштани пояҳои давлатдорӣ, боло рафтани ҳисси худшиносию худогоҳии мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» соли 2007 қабул гардид,  Дар муқаддимаи Қонуни мазкур омадааст, ки «Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Қонуни мазкур моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад.

Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.»

Танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар самти эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз он ҷумла ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки Парчами давлатӣ рамзи сиёсии давлат аст.

Парчами давлатиро ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ, ки мавҷудият ва ҳастии он нишонаи шараф, номус ва ғурури миллат аст, доимо бояд ҳифз намуд ва эҳтироми онро ҳамчун эҳтироми бузургтарин дороии миллат- давлатдории миллӣ ба ҷо овард.

Саидов Умар,  мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg