КӮЛОБ. Бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши мақомоти болоии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён” бо иштироки корманди масъули ҳизбӣ – Мунаввараи Бозоралӣ миёни хонандагони синфҳои болоӣ озмуни “Иншои беҳтарин” таҳти унвони “Парчам рамзи бедории миллат” баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, ҳифзи ҳуввияти миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ ба шумор рафта, ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар тарбия менамояд.