ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ду оилаи ниёзманд маъюби гурӯҳи 1 ва 2, ки бесарпаноҳ ҳастанд, кумак расонида шуд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои камбизоату бепарасторон, ба ҳукми анъана даромада, шахсони саховатманд кӯшиш менамоянд, ки ин дастури Сарвари давлатро аз мадди назар дур намонанд.
Инчунин, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин ба 4 нафар оилаҳои камбизоати деҳаҳои Шоғирав ва Арабхона либосҳои зимистона, маводи хӯрока кумак расонида шуд.