БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдати миллиро аз наҳзатиҳои лаънатӣ ҳифз бояд кард!

АНДЕША. Имрӯзҳо бо шарофати ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ Тоҷикистони биҳиштосои мо қадам ба қадам пеш рафта истодааст. Дар ин росто, хатари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ низ зиёд гардида, гуруҳҳои бадхоҳ кӯшиш доранд ин ваҳдату суботро барҳам зананд.

Ҳамватанони гиромӣ, ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилиатон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунед!

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва гуруҳи наҳзатиён, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ эҳтиёҷдошта, дорои сатҳи пасти дониш ва маърифати ҳуқуқиро барои шомил кардан ба сафҳои худ гумроҳ месозанд. Тавре аз шабакаҳои телевизионӣ дидем, боз як макри назҳатиён аз тариқи Сайид Қиёмиддин Ғозиев, узви фаъоли гурӯҳи наҳзатиён тамошо кардем, ки ҳамкоронаш собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат Ҳоҷи Ҳалим бо супориши зархаридони хориҷӣ ба кишвари орому осудаамон мехостанд харобкорӣ, қатлу куштор ва дигар хушунатҳоро ҷорӣ намоянд. Ин маънои онро дорад, ки ҳануз ҳам аз ниятҳои нопокашон даст накашидаанд. Ҳануз ҳам гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро таблиғ менамоянд, ба хусус бо паёмакҳо ба телефон ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ.

Ҳамватанони гиромӣ! Ба ваъдаи даромади муфт ва ваъдаҳои бардуруғ ҳеҷ гоҳ бовар накунед! Ҳаёти худро барои манфиатҳои шахсии гурӯҳҳои терористӣ ва экстремистӣ насӯзонед!

Сухани пандомези Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори қалби худ гардонед. «Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем».

Аҳли ҳақро зиндагӣ аз қувват аст,

Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст.

С. Азизова - муовини раис-мудири шӯъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg