БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

ВОСЕЪ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ сокинонро бо Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаро ба сӯи ҳадафҳои бузург ва наҷиб сарҷамъ ҳидоятгар аст. Он нишони соҳибдавлатӣ, озодӣ ва шукуфоии фардои кишвар буда, моро ба муттаҳидиву ягонагӣ даъват мекунад.

Дар идома аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба зиёда аз 500 нафар сокинон варақаҳои табрикотиву таблиғотӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ тақдим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg