ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, дар Литсейи давлатии №1 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур хонандагон дар васфи Парчами давлатии Тоҷикистон сурудҳо, шеърҳо ва баромадҳо намуданд, ки аз ин баръало мушоҳида мешуд, ки хонандагони муассисаи мазкур ба муқаддасоти миллӣ сидқан арҷ гузошта, эҳтиром менамоянд.
Дар идома масъулини ҳизбӣ иштирокдорони чорабиниро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, ба онҳо орзуҳои некро таманно карданд.
Дар охир омӯзгорон ва хонандагони фаъоли муассисаи мазкур бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.