ВАХШ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва мақомоти болоии ҳизбӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир карда шуд.
Дар мизи мудаввар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагона, омӯзгорон ва намояндагони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд. Бо маърӯзаҳои омоданамудаи худ омӯзгорон баромад карда, хонандагон дар васфи сулҳу ваҳдат, Истиқлолият ва Парчами давлатӣ шеърҳо қироат намуданд.