ВАХШ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни “Расми беҳтарин” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонону наврасон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш тасмим гирифт, ки ғолибони озмуни мазкурро муайян намояд. Ҳамин тавр ҷои 1-ум насиби хонандагони Литсейи давлатии ноҳия, ҷои дуюм насиби хонандагони МТМУ№1 ва ҷойи сеюм насиби хонандагони муассиса-интернати ноҳия гардид. Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, сарфароз гардонида шуданд.