БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТ

АНДЕША.  Дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаву рӯйдодҳои нодире арзи ҳастӣ кардаанд, ки омўзиши онҳо барои имрӯзиёну ояндагон чун сабақи бузург нақши муассир гузошта, баҳри шинохти асолати миллӣ ва худогоҳӣ чун сарчашмаи боэътимод хидмат мекунанд. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатиро метавон дар ин арса чун омили шинохти ҳастии давлат, пойдории сулҳу ваҳдат ва пиёдасозии накӯтарин ормонҳои миллӣ маҳсуб донист.

Таърихи навини давлатдориамон ишора бар он дорад, ки эътибору шарафи миллату давлати тозабунёди тоҷикон аз парафшонии Парчами давлатӣ сарчашма гирифта, барои сокинони дилогоҳу ватандӯст он чун нишони муқаддас  шоистаи эҳтиром ба шумор меравад. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки сокинони Тоҷикистони азиз бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зери Парчами давлатии худ манфиатҳои умумимиллиро ҳифз намуда, Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, мавқеи сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ва тантанаи сулҳу суботи диёрро чун гавҳари чашм муқаддас дониста, дар фазои орому осуда кору фаъолият доранд.

Ба истиқлолияти давлатӣ расидан имкон дод, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри таърихии Арбоб баргузор гардида буд, ба марҳилаи нави парчамдории миллии мо асос гузошт. Яке аз масоили муҳиме, ки мавриди муҳокима қарор гирифта буд, қабули Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Санаи 24 ноябри соли 1992 бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар толори ин қасри сулҳовар парафшонӣ кард. Ба хотири гиромидошти ин ҳодисаи таърихӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.

Чунонки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намуданд, Парчами Ҷумҳурии   Тоҷикистон  ҷомеаро ба сӯи ҳадафҳои бузург ва наҷиб сарҷамъу ҳидоятгар аст. Он  нишони соҳибдавлатӣ, озодӣ ва шукуфоии фардои  кишвар буда, моро ба муттаҳидиву ягонагӣ даъват мекунад. Бо чунин таманниёти нек Рӯзи Парчами давлатиро ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, бароятон сари баланду иқболи нек, рӯи сурху рӯзгори сабзу хуррам ва бахти сафеду зиндагии осоиштаро таманно дорам.

Олимов Раҳмоналӣ, мутахасиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар н.Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg