БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИРО ДОРЕМ!

АНДЕША. Халқи тоҷик таърихи куҳан дошта, таҷрибаи давлатдории мо  аз ҷониби олимону коршиносони хориҷи қайд шудааст. Таърих ва давлатдории моро сарчашмаҳои таърихӣ исбот мекунанд. Мо беш аз ҳазор сол ҳам давлат доштем, ки тарзи корбари ва идораи он аз давлатҳои имрӯза қариб, ки фарқияте надошт. 

Парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст. Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ ҳастанд.

Дирафши Ковиёнӣ яке аз ривоятҳои машҳури тоҷик ва тамоми қавмҳои ориённажод аст, ки дар “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст. Дирафши ковёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кушониён ва  Сосониён буд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд. Рангҳои Парчами давлатии мо ба худ манънои махсусеро дорад, ки ин дар баромадҳо қайд карда шуданд.

Танҳо ман ҳаминро мехоҳам қайд намоям, ки мо зери ин Парчам ба ҳамаи ҳадафҳои стратегии кишвар расида, давлати худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудем. Имрӯз Парчами давлатии мо дар саҳни Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ овезон аст. Варзишгарони мо дар чорабиниҳои байналмилалӣ Парчами моро баланд бардошта мардуми моро муаррифӣ мекунанд.

Эҳтиром Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарастӣ кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.   

Сафар Ҳ.Р. - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg