Ш.ШОҲИН. Дар ҷомеа ашхосе ҳастанд, ки бо ғаразҳои нопоки худ хатар ба ҷомеаю давлатро ба бор меоваранд. Ифротгароию терроризм дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳиму хатаровари байналмиллалӣ ба шумор рафта, рӯз то рӯз доман фарох менамояд. Агар якчанд сол қабл террористон ва ифротгароён дар як гӯшае аз минтақаи ҷаҳон як амали хурди террористиро анҷом медодонд, имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки на ин ки амалҳои бузурги террористӣ, балки онҳо талаби нобуд сохтани арзишҳои фарҳангии миллатҳоро мехоҳанд.
Бо мақсади огоҳии сокинон аз ин амалҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсидини Шоҳин дар деҳаи Доғистон бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ҷамоати деҳоти Доғистон вохӯрӣ анҷом доданд.
Вохӯриро мудири шуъбаи таблиғот, итиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъматов Абдуҷаббор, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сунатуллоева Мавзуна ва сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Овози халқ» Ш. Қурбонзода андешаронӣ намуданд.