БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ - МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Парчами давлатӣ рамзи давлатдории ҳар як давлат дар ҷаҳон мебошад. Дар аксар мавридҳо бисёре аз давлатҳоро маҳз аз рӯӣ парчам мешиносанд. Ҳангоми иштироки хонандагон ва варзишгарон дар озмун ва мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳз парчами кишвари онҳо парафшон мешавад. Парчам яке аз муқаддасоти мамлакатҳо ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз 29 сол муқаддам дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Парчами давлатии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардид. Аз соли 2009 сар карда 24-уми ноябри ҳар сол ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар  бахшида ба ин ҷашн чорабиниҳо ва озмунҳои  фарҳангӣ ва адабӣ гузаронида мешавад.

Ҷашн гирифтани ин санаи таърихи нишона аз эҳтироми мардуми тоҷик ба муқаддасоти миллӣ, махсусан Парчами давлатӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки барои арҷ гузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар канори чапи Қасри Миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони парчам ифтитоҳ гардид, ки баландии он  165 метр дарозии матои он  60 ва паҳноиаш 30 метрро ташкил медод, ки ҳамон вақт баландтарин парчам дар дунё буд ва ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил карда шуд. Дар бозиҳои олимпи, ки дар он беш аз 200 давлати дунё иштирок мекунад аввалин бор соли 2008 дар пойтахти Ҷумҳурии мардумии Чин шаҳри Пекин бо шарофати ду тан аз паҳлавонони кишвар Расул Боқиев аз намуди гуштини ҷудо, ки барандаи медали биринҷи шуд ва Юсуф Абдусаломов аз намуди гуштини юнону румӣ, ки барандаи медали нуқра шуд парчами Тоҷикистон  парафшон гардид. Ин ҳама мувафақиятҳо бояд боиси ифтихори мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон бошад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Баҳром Юсупов, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар н.Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg