ҲАМАДОНӢ. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Конференсияи 25 – уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Дар кори Конференсия вакилон, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва меҳмонон аз сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Ба рӯзномаи Конференсия масъалаи пешбаӣ намудани номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳавзаи интихоботии №17 ва №33 ба ивази вакилони ваколаташон қатъгардида дида баромада шуд.
Бо назардошти моддаҳои 24, 25 ва 48 – и Қонуни Конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқ” пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаҳои муайяншуда дар Конференсияҳои шаҳрӣ ё ноҳиявии ҳизбҳои сиёсӣ сурат мегирад.
Вакилони Конференсия якдилона муовини раиси ноҳия Исҳоқи Ҳусния ва раиси Ҷамоати деҳоти “Қаҳрамон” Гадоев Исмоилро номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳавзаҳои интихоботии №17 ва №33пешбари карданд.
Дар кори Конференси Раиси ноҳия, Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ Неъмат иштирок ва суханронӣ карданд.