БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ БА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ОН ТАВЪАМ АСТ

АНДЕША. Халқи тоҷик аз гузашта то ба имрӯз ҳамчун миллати соҳибфарҳангу давлатдор шинохта шуда, барои рушди ҷомеаи башарӣ фарзандони ин миллат хидматҳои зиёде кардаанд. Маҳз парчаму парчамбардорӣ барои амалисозии иқдомҳои хайрхоҳона, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар таърихи давлатдорӣ ва салтанати бегонаҳо дар ҳудуди сарзаминҳои аҷдодӣ боис ба муттаҳидӣ ва якдилии тамоми мардум гардида, зери парафшонии он инсонҳо умеду орзу ва ормонҳои амалишавандаи худро медиданд.

Агар ба таърихи парчамдории аҷдодӣ назар афканем, бешак эҳсос мешавад, ки он ҳамчун рамзи ғуруру ҷавонмардӣ мардуми моро аз қарнҳои гузашта дар ҳама пастию баландии зиндагию давлатдорӣ ҳамқадам буд. Чун аз замони Фирдавсӣ ёд меорем, дар мубориза ба муқобили нерӯи аҳриманӣ Кова  ҳамчун рамзи муборизаи сафедӣ бар сиёҳӣ аз пешдомани оҳангарии  худ барои мубориза ба Заҳҳоки бадкор ва шикасти нерӯи бадию тантанаи адолату ҳақиқат ҳамчун парчам истифода кард ва ин рӯйдод дар таърих  бо номи Дирафши Коваёнӣ ба насли имрӯз мондагор боқӣ монд.

Таърихи парчамдории халқи тоҷик  дар дарозои таърих хеле пурпечутоб буда, ҳамчун намоди таблиғи давлатдорӣ  то ба имрӯз пойбарҷо ва аз ҷониби дигар халқу миллатҳо  ҳамчун рукни давлатдорӣ  айни ҳол  мавриди амал қарор гирифтааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аввалин дирафшҳои қадимаи ориёиро  тасвирҳои уқоб, хуршед ва шер зиннат медоданд. Ва ҳатто тибқи ривоятҳо дар замони қадим ҳар як паҳлавон дирафши худро дошт. Дар дирафши  қаҳрамони тахаюлии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ   Рустам  тасвири шер, аждаҳори сесара ва ҳилол тасвир ёфта буд, ки дар  дигар дирафшҳои асримиёнагӣ ин унсурҳо такмил ёфтанд.

Имрӯз унсурҳои болозикр дар парчамҳои давлатии бисёр кишварҳо  ҳамчун унсури такмилёфта нақш доранд, ки решаи ҳамаи онҳо аз таърихи давлатдории мардуми ориётабор маншаъ мегирад. Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо собит месозад, ки миллати тоҷик аз даврони бостон то замони имрӯз давлатдору парчамдор буд ва  барои рушд ва ташаккули ҳамаҷонибаи ҷомеаи башарӣ  дар таърихи инсоният  хизматҳои шоистае кардааст.

Парчами миллӣ  дар баробари дигар муқаддасоти давлатӣ барои ҳар як инсон мояи ифтихору сарбаландӣ ва  намоди давлатдорию  соҳибистиқлолист. Имрӯз парчам  ҳамчун марзи номусу ор барои ҳар як шаҳрванд  хеле азизу муқаддас аст. Бубинед, агар парчами ҷангӣ дар ягон қисми низомӣ ғайб занад, қисми низомӣ барҳам дода мешавад. Вақте варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ғалаба ба даст меоранд, Парчами  давлатӣ барафрохта мешавад. Ё чизи дигар ин ки Парчами давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ барои тарбияи насли нав дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ нақши бориз дорад.

Имрӯзҳо дар пештоқи созмонхои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари парчами дигар давлатҳо афрохта шуда, аз соҳибдавлатию мустақилияти давлати Тоҷикистон башорат медиҳад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун парчами номусу ор, якдилию якпорчагии сарзамини Тоҷикистон ва  намунаи муқаддаси тарбияи насли наврас  барои имрӯзу оянда хидмат мекунад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи тадбирандешии давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус  тадбирандешии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлатдору давлатсоз будани миллати тоҷик огоҳ гардида, кишвари моро ҳамчун кишвари орому осуда ва дар ҳоли рушд мешиносанд. Ҳар сол ба мамлакати мо шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ ба хотири сайёҳату дидор ва дигар корҳои муҳими давлатдорӣ ташриф меоранд. Ҳамкориҳои мутакобилаи байнидавлатӣ сол то сол дар бахшҳои мухталифи сиёсию иҷтимоӣ ҳамаҷониба рушд ёфта,  зери ливои сулҳу иттиҳод ва меҳнати софдилонаи  сокинон заминаҳои иқтисодии   хоҷагии халқи мамлакатамон  пурзӯр  мегарданд.

Раванди нави давлатдорию давлатсозии мардуми Тоҷикистон аз ватандӯстию ватанхоҳии ҳар як сокини сарбаланди он башорат дода, бори дигар назди ҷаҳониён аз миллати фарҳангсолору тамаддуновар будани ниёгони мо ёдрас мешавад. Хушбахтии дигари мардуми Тоҷикистон дар он аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бузургию ҳашмат бо баландии 165 метр дар пойтахти давлатамон қомат афрохта, ҳамчун намунаи парчамдор будани миллати сарбаланди тоҷик назди ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Бинобар ин, месазад  аз парчамдору давлатдор будан ифтихор дошт. Зеро маҳз ҳамин рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва эҳтирому пос доштани хотираи гузаштагон, ки дар рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфтааст, моро муттаҳиду  сарҷамъ ва кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ пешрафта месозад.

Т. Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg