АНДЕША. Ҳар як миллати олам барои мавҷудияту ҳастиву бақои худ пайваста талошу мубориза мебарад. Таърихи дуру дароз ва пур аз муборизаҳои миллати тоҷик исботи ин гуфтаҳост. Таърих гувоҳ аст, ки борҳо ин миллатро ғарқи хун кардаанд, сӯзондаанд ва ҳатто аз сари фарзадонаш калламанора сохтаанд. Аммо ӯ нест нашуд, балки барои комил гаштани башарият рушд ва такомул ёфт.
Бале давраҳое буданд, ки миллати тоҷикро борҳо ҷисман заиф карда, дар вартаи нобудӣ қарор доданд. Аммо руҳи пуриқтидори он аз зараҳои боқимондааш дубора миллат месохт.
Агар се даҳсолаи охири таърихро варақ занем, худ гувоҳи гуфтаҳои болост. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти комили давлатӣ дар ин миён пайдо шудани хоинони миллат бо дастгирии хоҷаҳои хориҷииашон кишвари моро ноором сохта ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашиданд. Сохторҳои давлатиро ба коми нестӣ андохта, мардумро ба гумроҳӣ ҳавола доданд. Даҳшатовараш он аст, ки ин гуна одамон на тарс аз қудрати Парвардигор доранду на бим аз оташи ҷаҳаннам.
Ва алъон ҳам аз ҳикоятҳои он нафароне, ки шоҳиди ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буданд, баръало пай бурдан лозим аст, ки чӣ қадар ваҳшиву даррандахӯй будаанд, фарзандони миллати мо, ки барои пулу мол ва сарвату мансаб шуда, бо ҳидоятҳои хоҷагони зархаридашон чӣ қадар зулму тааддиро ба бародару модару хоҳар ва падари хеш раво дидаанд. Дар Тоҷикистони маҳбуби мо дар мубориза баҳри соҳибистиқлолии кишвар ҳазорон нафар ҷон бохтанд, ҳазорон нафарашон беному нишон гум шуданд, ҳазорон нафари дигар бошанд дар мулки ғайр маскан гирифтаву соҳиби хонаву дар гардидаанд, аммо нафарони зиндабудаи дар Ватан монда, дар дилҳои хеш умед мепарвариданд, то сулҳ ба Ватан боз ояду онҳо низ аз ҳавои форами Ватан озодона нафас бигиранд, аз оби чашмаҳои он нӯш кунанд ва дар Ватани аҷдодӣ зиндагии осудаҳолона ба сар баранд. Ва ин турфа одамони наҷиб, ки ба ояндаи дурахшон бовар доштанд ва ба умеди фарорасии рӯзи саид шӯълаи умедро дар дилҳои хеш фурӯзон нигоҳ медоштанд, охируламр ба муроди дил расиданд. Он давраи махуфу ғамангезу ғамафзоро чун ба риштаи қалам бикашем, нӯги қаламҳо пайваста мешиканад, сиёҳии қалам бо ашки хунин даромехта, ҷигарро садпора мекунад, оҳ ба фалак мепечад, арш ба ларза меояд. Сиёҳӣ пеши дидаҳоро мебандад, қалбҳо макони қасду интиқом мегарданд.
Хушбахтона, дар ниҳоят хотираи таърихии миллат бедор гашт ва дар рафти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид шуд. Дар ин Иҷлосия зимни қабулу тасдиқи аркону арзишҳои давлатдорӣ Пешвои миллат ҳамчун роҳбар бохираду сиёсатмадори варзида ба Парчами давлатӣ муносибати хос нишон дод. Замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда бо баёни эҳтироми баланд ба Парчами давлатӣ онро бо меҳри бепоёни ватандорӣ бӯсида, бо дидаҳои пурашки худ молид ва дигар вакилони мардумӣ ин амали шарафмандро пайравӣ карданд, тамоми мардуми кишвар тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуда ашк рехтанд. Ин ашки ғурур, ашки умед ба ояндаи дурахшони кишварамон буд. Инак, се даҳсола мешвад, ки миллат Парчами давлатиро болои сар гирифта ва атрофи Пешвои худ муттаҳид шуда бо кору амали меҳанпарваронаи худ барои пешравию гул-гулшукуфоии кишвар саҳми босазои худро гузошта, ба ҷаҳониён ҳамчун миллати ватансоз муаррифӣ намуд.
Мо халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо меҳнату талошҳои ободкоронаи худ таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз аз рӯз Парчами Ватанро баландтар афрохта, дар арсаи ҷаҳонӣ ба он ҷилои тоза бахшида, зеро баландии парчам ин сарбаландии ҳар яки мо ва устувории пояи Парчам ин қомати росту устувории давлату миллат аст.
Мояи ифтихори мост, ки имрӯз Парчами Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канори кишварамон, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо майдонҳои Парчаму Нишони миллӣ бунёд гардида, онро ҳамчун нишони ватандорӣ ва рамзи иттиҳоду ягонагии халқ дар роҳи ҳифзи озодиву истиқлолият гиромӣ медорем.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамватанони шарафманди кишвар!
Ализода С., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав