АНДЕША. Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чун ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат, дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият буданаш, дар худ ормон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд.
Қадршиносӣ аз Парчами двлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва ғамхорӣ фардои халқ аст. Он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Ба қавли Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Худшиносӣ дар таълимоти бузургонамон маънои маҳдуди фардиро не, балки моҳияти васеъ ва ҳатто кайҳониро дорад: манзур мақому манзалати инсонии худро дар пайвастагӣ бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Яъне, хештаншиносӣ дар маҷмӯъ моҳияти озодихоҳӣ ва истиқлолҷӯйиро дорад».
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва бисёр давлатҳои олам парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона гувоҳӣ медиҳад. Парчами давлатии кишвари мо шараф, ифтихор ва нангу номуси миллат, сари баланду амалӣ гардидани орзуҳои мо, тоҷикистониён аст.
Парчами давлатии мо мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангӣ буда, давлати миллии моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозад, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос мекунад ва моро ба сӯи нусрату пирӯзиҳои нав ба нав ҳидоят менамояд.
Чун дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, ҳамватанони гиромиро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад.
Тоҷикистон, сангари номусу ном,
Ман ба номат мегузорам эҳтиром.
Парчамат ҳар гаҳ, ки боло мешавад,
Номи мо машҳури дунё мешавад.
Эй Ватан, мо номи ту то арши аъло мебарем,
Парчаматро боз боло, боз боло мебарем!.
Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон