БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ НИШОНА АЗ СОҲИБДАВЛАТИИ МОСТ!

НОРАК. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Норак  бахшида ба  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсиву Фарҳангӣ  доир гардид.

Дар чорабинӣ хонандагон оид ба Парчами давлатӣ  шеърҳо қироат карда, доир ба таърихи пайдоиши Парчам, нақши он дар давлатдорӣ ва қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо ироа карданд.

Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷриияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур суханронӣ намуда,  ҳозиронро ба ин Рӯзи таърихӣ муборак бод намуд.

Ҳадаф аз ташкили ин чорабинӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ унвон  карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg