БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ САРИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун саромади посдорандагони муқаддасоти миллии тоҷикон борҳо таъкид намудаанд, ки “Пос доштани муқаддасоти миллӣ барои ҳар як фарди бофарҳангу ватанпарвар ҳам фарзу ҳам суннат аст”.

Муқаддас чист? Ҳар кас ва ҳар чизе, ки олӣ, азиз, пок, гиромӣ, наҷиб, беолоиш, орӣ аз ҳар гуна нуқсу камбудиҳост, муқаддас аст. Муқаддасоти давлат пеш аз ҳама шаъну шараф, ифтихор, нуфуз, обрӯ ва эътибори давлат, халқу Ватан аст. Ҳар давлати соҳибистиқлол муқаддасоти худро дорад.

Рамзҳои давлатии мо муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварамонро дар рӯҳи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, Ватану ватанпарастӣ тарбия менамоянд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода менамояд.

Парчамдорию парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос мондааст. Дар аҳди бостон шоҳону лашкаркашон ҳангоми набард бо душман зери парчам гирд меомаданд ва ҷилвагарии парчам нишони зафар ба шумор мерафт.

Дар асри XX, дар баробари Парчами давлати Советӣ, парчами Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон низ парафшонӣ мекард, ки аз давлати миллии тоҷикон шаҳодат медод.

Пошхӯрии давлати Советӣ ва ба Истиқлолияти давлатӣ расидани ҷумҳуриҳои он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами миллии худро қабул кунад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри фарҳанги хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев баргузор гардида буд, моҳи ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар толори ин қасри сулҳовар ҷилва намуд.

Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа иқдом намуда буд. Шояд эҳтироми Сарвари тозаинтихоб ба Парчами миллиамон бошад, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мо дар муддати кӯтоҳ ба низоъҳо ва даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи давлатдориамон мушарраф гардидем.

Дар тамоми гӯшаву канори кишвар ин Парчам парафшон шуд. Рангҳои сурху сафеду сабз чун бахту толеи тоҷикон ҷилои тоза гирифта, роҳамонро ба сӯйи ваҳдати миллӣ равшан сохтанд.

Раҳматуллоев Мақсуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg