КӮШОНИЁН. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади таҷлили бошукӯҳи Парчами давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон ва варзиш” маҷлиси тантанавӣ доир карда шуд.
Дар назди иштирокчиён раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон ва варзиш”, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ғуломов Ҳасан ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Бибигул Собирова баромад намуда, қайд карданд, ки ҳамасола дар тамоми қаламрави кишвар санаи "24 – ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Бахшида ба ин санаи таърихӣ вохӯриву чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешавад. Вохӯрии имрӯза низ дар доираи ин чорабинӣ буда, ҳамаи мову Шуморо зарур аст, ки доир ба ин ҷашни муҳими сиёсӣ маълумоти амиқу дақиқ дошта бошем. Намояндагони ҳизбӣ дар ҷараёни суҳбат вобаста ба ҷашни дар пешистода - 24 - ноябр "Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба иштирокдорон маълумотҳои мушаххас дода, ҳозиринро ба ин санаи муқаддас табрику муборакбод намуданд.