БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Парчам рамзи асосии давлат ва миллат мебошад. Парчам аз замонҳои хеле қадим мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, мақому манзалати арзишманд дорад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободу дурахшони Тоҷикистон аст.

Парчами миллӣ, ҳамчун Парчами муқаддас ифтихор аз давлат, аз ниёгон, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз пурарзиштарин мероси таърихии миллати тоҷик аст.

Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат мебошад, дар қатори Суруди миллӣ ва Нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Ин Парчам 29 сол муқаддам, 24-уми ноябри соли 1992 ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон қабул гардидааст.

Парчами миллии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдории мо дорои аҳамияти бузург мебошад. Барои асоси ҳуқуқӣ бахшидан ба Парчами миллӣ 3-юми ноябри соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи рӯзҳои ид» дар таърихи 19-уми ноябри соли 2009 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкурро тасдиқ намуд ва 24–уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон карда шуд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокинони ҷумҳурӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд».

Шукргузор аз онем, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳиби Парчами миллии худ гаштем. Имсол халқи тоҷик     30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд ва дар ҳамаи чорабиниву ҷамъомадҳои тантанавии ин ҷашни фархунда Парчами миллӣ ҳамчун рамзи асосии давлати соҳибистиқлол парафшонӣ намуд. Парчами миллат дар худ қувва ва нерӯи муттаҳидкунандаву сарҷамъона дошта, мардуми кишварро ба хотири амалигардонии мақсаду мароми ояндасоз даъват менамояд. Парчами мо чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик хеле азизу гиромист.

Ҳар яки мо бояд дар назди Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром зоҳир намоем, ҳамеша дар ҳама ҷо онро пос дорем, барои ҳимояи он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, падару модар, хонавода, руҳи гузаштагон ва таъриху суннатҳои халқу миллати кишвари худ аст.

Парчами миллии мо, сари баланди мо, ифтихори мо, шарафи мост. Бинобар ҳамин, муносибати мо ба Парчами миллӣ бояд боэҳтиромона ва эҳтиёткорона бошад. Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла, Парчами давлатист. Парчами миллӣ гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.

Далер Собиров,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кӯшониён                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg