БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУҲФАГУЗОРИИ ОЗМУНИ “РАСМИ БЕҲТАРИН” БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

КӮШОНИЁН. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Шомалангова Миҷгона ғолибони озмуни «Расми беҳтарин»-ро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Ҷои якумро хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии №55 Ялиев Камолиддин, ҷои дуюмро Имомов Юсуф  хонандаи синфи 7-уми муассисаи таълимии №20 ва ҷои сеюмро Ғоибова Манзура  хонандаи синфи 11-уми муассисаи таълимии №52 ишғол намуданд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур дар асоси дастуру супоришҳои  Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия роҳандозӣ гардидааст. Баргузории чунин озмунҳо барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар самти рассомӣ нақши калон дошта, шавқу завқи насли наврасро нисбат ба зебоипарастӣ, ҳисси меҳандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ бештар мекунад.

Ба расмҳои чор нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №20,39,52 ва 55 ҷои ифтихорӣ дода шуда, заҳмати онҳо низ қадр карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg