ҶАЙҲУН. Даври ниҳоии озмуни “Расми беҳтарин” миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар рафти баргузории озмун иштирокчиён маҳорати хуб нишон дода, аз байни онҳо Ғаниев Махсудшоҳ хонандаи синфи 10-и муассисаи тащсилоти миёнаи умумии № 17 сазовори ҷои аввал гашта, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт. Ватаниев Бенёмин хонандаи синфи 10-и ҳамин муассисаи таълимӣ бошад, сазовори ҷои дуюм гашта, иброз намуд, ки кӯшиш менамоям дар озмунҳои минбаъда фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷои аввал шавам ва бо ин роҳ малакаву маҳорати хешро сайқал медиҳам.