ҚУБОДИЁН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия озмуни “Рассоми беҳтарин” баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин озмун тарғиби муқаддасоти миллӣ дар байни ҷавонону наврасон ва бедор намудани ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ дар дили онҳо мебошад.
Бояд қайд намоем, ки барои иштирок дар ин озмун ҷавонони зиёд аз муассисаҳои таълимии № 1, 2, 3,4,48 ва 5 иштирок намуда, расмҳои беҳтарини худро пешкаши аъзои ҳакамон гардонида, аъзои ҳакамон ҷои аввалро ба муассисаи таълимии №3, ҷои дуввум ба муассисаи таълимии №48 ва ҷои сеюм ба муассисаи таълимии №1 насиб гардонид, ки ғолибон ба даври озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.