АНДЕША. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи мамлакат шакли идораи Президентӣ пазируфта шудааст, ки дар ҳалли кулли масъалаҳо азму ирода ва дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз ҷумла, муқаррар шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад.
Хушбахтона, дар кишвари мо ҳамбаста ба масъалаҳои дигар сиёсати дохилӣ дар сатҳи баланд ва одилонаю ватандӯстона ба роҳ монда шудааст. Ин нуктаро мо метавонем дар сиёсати Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаи забони давлатӣ собит бинамоем.
Дар Тоҷикистон тибқи моддаи дуюми Конститутсия забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишвар вазифадор мебошад, ки онро омӯзаду донад ва эҳтиром намояд. Боиси ифтихор аст, ки Президенти ҷумҳурии мо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз забони давлатӣ пуштибонӣ мекунанд ва ҳамчун рамзи эҳтиромгузорӣ ба ин муқаддасоти миллат ҳидоят менамоянд. Бояд гуфт, ки ҳамчун забони давлатӣ пазируфтани забони тоҷикӣ пеш аз ҳама, Сарвари кишварамон иқдом гузоштаанд. Муҳаббату эҳтироми Президенти ҷумҳурӣ нисбат ба забони тоҷикӣ хеле самимию ибратбахш аст.
Дар аксари суханрониву мулоқотҳояшон Пешвои миллат ба ин масъала дахл мекунанд ва таъкид менамояд, ки забони миллат-ҳастии миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорист. Сарвари кишвар худ бо забони хеле шевою равон ва муҳаббатбор сухан мегӯянд ва як силсила гуфтаҳои меҳрборашон дар васфи забони тоҷикӣ ба шиору маромномаҳои мардумӣ табдил ёфтааст. Барои мисол дур нарафта, чанд далел аз суханрониҳои Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар моҳи октябри соли равон меоварем.
Дар оғози ин суханронии пурмуҳтавояшон Президенти муҳтарам чунин арз доштанд: «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла, мо-тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили асосии ҳифзи он мебошад».
Ин нуктаҳо аз муҳаббати самимӣ нисбат ба забони модарӣ сарчашма мегиранд ва хеле ибратбахшу ҳикматомӯзанд.
Гуфтаи иқтибосшудаи Пешвои миллатро нуктаи дигар аз суханронии мазкурашон боз ҳам комилтар месозад: «Забони модарии мо-забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад».
«Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».
«Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».
«Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем».
Аз ин рӯ ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.Чунки тибқи таҳлилҳо вақтҳои охиро дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад. Доир ба ин масъала ман дар Рӯзи дониш Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намудам, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд».
Президенти муҳтарами кишварамон муҳаббату самимият ва эҳтироми худро ба забони тоҷикӣ бо он ҳам собит намудаанд, ки маҳз бо ташаббуси дастури Сарвари давлат ниҳоди махсус баҳри ҳимояву роҳандозии «Қонуни забони давлатӣ» ба номи Кумитаи давлатии забон ва истилоҳот таъсис дода шудааст ва ҳамчун, Пешвои миллат дар бораи забони тоҷикӣ чанд китоб таълиф намудаанд, ки яке аз онҳо «Забони миллат-ҳастии миллат» ном дорад.
Бунафшаи Нусратулло, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Кӯшониён