БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ

АНДЕША. Парчам дар замонҳои қадим воситаи шинохти худию бегона, рамзи ифтихори гурӯҳӣ буд. Имрӯз Парчам яке аз муқаддасоти давлат аст. Давлатҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои тиҷорӣ ва ҳатто забонҳо (эсперанто) парчамҳои худро доранд. Хусусан, истифодаи парчам дар ширкатҳо, қисмҳои ҳарбӣ, баҳрнавардӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ, парчамҳои миллӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, тиҷорӣ мешаванд. Ташкилот ва ҷамъиятҳои байналхалқӣ низ дорои парчаманд, чун Иттиҳоди Аврупо, СММ, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва ғайра. Имрӯз парчами давлатии 209 давлат маълум аст, ки акси онҳоро дар саҳифаҳои интернетӣ метавон пайдо кард. Парчамҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар парчамҳо таърихи давлату миллат, дар нақшҳои онҳо ба урфу одат, махсусият, ифтихори миллӣ ишора шудааст.

Моҳи ноябри соли 2009 ба тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоламон боз як санаи дигари барои ҳамаи тоҷикистониён муқаддас илова гардид. Имрӯз дар раванди дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар 22 сол мешавад, ки Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.

Тоҷикистон чун давлати мустақил Президент, Конститутсия ва рамзҳои давлатии худро дорад, ки онҳоро дар маҷмӯъ муқаддасоти давлат мегӯянд.

Раҳмонова Маҳбуба, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg