ЁВОН. Ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дар доираи дастуру супоришҳои ниҳоди вилоятии ҲХДТ миёни ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаҳои таълимӣ ва Коллеҷу Литсейҳои касбӣ- техникии ноҳияи Ёвон озмуни расмкашӣ зери унвони “Парчамат бодо парфшон, Тоҷикистони азиз!” доир гардид.
Дар озмун зиёда аз 70 нафар расмкашони ҷавон иштирок намуда, маҳорати худро ба намоиш гузоштанд. Озмун аз ҷониби доварон ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо қадрдонӣ карда шуданд.