БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ - РАМЗИ ОЛИИ СОҲИБДАВЛАТӢ

АНДЕША. Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатдорӣ буда, дар ҳар давлату миллат махсусият ва таърихи худро дорост.

Мардуми тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дорои парчами худ буд. Парчами тоҷикон аз Диравши Ковиëн сарчашма гирифта, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун ливои тамоми музаффарияту муваффақиятҳои тоҷикон буд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар охири садаи бист дар вазъияти бениҳоят душвори таърихӣ қабул гардидааст.

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои олӣ қарор дар бораи қабул намудани Парчами давлатӣ, матои рангаи росткунҷаи дорои рахҳои сурх, сафед, сабз ва сар байни рахи сафед тоҷ бо ҳафт ситора қабул шуд.

Парчам, ки имрӯз муаррифгари миллату давлати тоҷикон аст, сарчашмаи иттифоқу ифтихор, манбаи неруву илҳоми ҳар тоҷикистонӣ аст. Вақте, ки дар арсаи байналмилалӣ парчами Тоҷикистон ба ин ё он муносибат партавфишон мешавад, бе ихтиёр аз чашм ашки шодӣ ҷорӣ мегардад. Махсусан вақте, ки ба ифтихори пирӯзии варзишгарон Парчами Тоҷикистон боло бардошта мешаваду Суруди миллӣ садо медиҳад.

Насли имрӯзаро  лозим аст, ки ба қадри тинҷиву осудагӣ, оромӣ ва  сулҳу ваҳдат бирасему зери Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол барҳи пешрафт ва шукуфоии меҳани азизамон талош варзем.

Рӯзи Парчам миллӣ - рамзи саодат ва сарчаишмаи хушбахтиҳои тоҷикон муборак,  ҳамватанони азиз!

Саёра Ҳусейнова, мудри шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg