БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ “РАСМИ БЕҲТАРИН” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Озмуни “Расми беҳтарин”, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ҷамъбаст гардид.

Дар натиҷа  ду нафар хонандагони синфҳои 9 ва 10-и Литсейи давлатии №1-и ноҳия Марҷонаи Ҷумъахон ва Мирзоева Дилноза бо пешкаш намудани расмҳои беҳтаринашон сазовори ҷои якум, Достонова Оиша хонандаи синфи 5-и МТМУ №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия соҳиби ҷои дуюм ва Қурбонова Сайёра хонандаи синфи 10-и МТМУ №53 сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ ғолибонро бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қадрдонӣ намуда иброз дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои дарёфти ҷавонони боистеъдод имконият фароҳам меорад ва онҳоро барои зебоипарастӣ, ҳуввияти миллӣ ва дӯст доштани Ватани хеш водор менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg