БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ - ТАҶАССУМГАРИ УМЕДУ ОРМОНҲО

АНДЕША.  Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз рангҳои  сурху сафеду сабз ва  тоҷу ҳафт  ситора иборат аст, дар радифи Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ яке  аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб  меравад ва ин  парчам 29 -  сол муқаддам дар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон  дар шаҳри бостонии Хуҷанд қабул шудааст. Ба хотири эҳтироми ин рамзи давлатдорӣ соли 2011 дар шаҳри Душанбе баландтарин  Парчами давлати қомат афрохт, ки  баландии сутуни он 165 метр,  дарозии матоъ 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад ва  шурӯъ аз соли 2009, санаи 24 – ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо як шукӯҳу шаҳомат ва  болидахотирӣ ҷашн гирифта мешавад. Парчам аз рӯзгорони қадим  мавҷуд буда, аз ҳастии давлату  миллат гувоҳӣ медиҳад. Парчамро  аз замонҳои  қадим дар ҷангу муҳорибаҳо  ба таври васеъ истифода намуда,  онро пешопеши лашкар мебурданд.

Бо дасти душман   афтидани  парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби парчам  буданд ва  дар адабиёти қадимаи миллат он  ба номи “Дирафш” ёд мешавад. Аз қадим Парчами тоҷикон “ Дирафши  ковиён” ном дошт.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо, миллати  мо соҳиби Парчами миллӣ гардид. Бо дидани Парчам ифтихори  ватандории мо дар назди халқу миллат дучанд мегардад, ки дар зеҳн ва  қалби мо тоҷикон  ифтихори соҳибдавлатиро бедор месозад,  соҳибдавлатии мо ин дастовардҳои Истиқлолият мебошад.

Имрӯз  бо баракати Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи  миллат, мардуми шарафманди тоҷик, ки дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ парчами мо  парафшон аст, рӯҳу илҳоми тоза бахшида, ба ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор  аз давлату давлатдорӣ,  ҳифзи дастовардҳои  он ва пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ ва саъю талошҳои пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намудан аст.

Имрӯз моро мебояд,  ки аз Парчами миллӣ ифтихор дошта бошем,  эҳтироми онро ба ҷо оварда, эътиборашро ба фарзандони худ талқин  намоем ва барои  парчамбардору номбардори  миллату Ватан будан ҳамеша талош намоем.

Парчами миллии соҳибистиқлоли мо дар фазои сулҳу осоиштагӣ парафшон бошад ва моро ба сӯи  ояндаи ободу осуда роҳнамоӣ созад.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg