БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН, ҶОВИДОНА ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД!

АНДЕША. Рамзи истиқлолият, сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, мояи ифтихори хурду бузурги сарзамини кӯҳанбунёди тоҷикон ин Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: "Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст".

Гуфтан бамаврид аст, ки Сарвари давлат фаъолияти давлатдории хешро бо бӯсидан ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ шурӯъ намудааст. Аз ин бар меояд, ки ҳар як шахсе, ки худро тоҷик мешумораду дар ин сарзамини биҳиштосо, яъне Тоҷикистон умр ба сар мебарад лозим аст, ки ин муқаддасоти миллиро эҳтиром намояду чун гавҳараки чашм ҳифз кунад.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки  мо ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷати сулҳи навини тоҷиконам парчам аст,
Пойдории мақоми ориёнам парчам аст.

Дар охир бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику муборакбод мегӯям. Бигузор, ки Парчами давлатии Тоҷикистони  азиз ҷовидона парафшон бошад ва мардуми сарбаланди ин сарзамин дар партави он ҳамеша зиндагии шоиста дошта бошанд.                                                                                     

Мирзоева Гулрухсор,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg