АНДЕША. Баъд аз ба даст овардани истиқлолиятӣ давлатӣ ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, дорои рамзҳои давлатӣ, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид, ки ҳар яки он хусусиятҳои хосси давлатдории моро ифода менамояд. Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ ҳар як кишвар мебошад. Зеро ҳамчун рамзи асосии давлат дар ҳувиятсозии сокинон ва хештаншиносии онҳо мақоми хосса дорад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати гиромидошти ин рамзи муҳими давлатдорӣ шурӯъ аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 24-ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ дар қаламрави кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки бозгӯ аз соҳибистиқлолии мардум аст. Парчам давлатӣ иникосгари рамзи озодӣ буда, ба мо неру, шукӯҳ ва ифтихори ватандори мебахшад ва моро ба зиндагии осоишта, сулҳу оромӣ ва ба хотири рушду нумӯи ҳаматарафа сафарбар менамояд.
Нақши Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ басо муҳим арзёби гардида, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайри расмӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва муносибатҳои дипломатӣ афрохта мешавад. Ҳамзамон дар ҳаёти кунунии ҷомеаи мо Парчам ба сифати рамзи музафарият шинохта шуда, моро баҳри зиндагии шоиста ва рушди устувори давлатдорӣ ба суи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикиашон бахшида ба рузи Парчами давлатӣ чунин иброз намудаанд, ки “Парчами миллӣ - яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолиятӣ миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”. Дар воқеъ парчам дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ шаҳрвандонро ба худогоҳию хештаншиносӣ, озодӣю баробарҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ роҳнамоӣ менамояд. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат таърихи чандин асра дошта, ҳамчун рамзи ҳастии давлату миллат шинохта мешуд. Маҳз ба хотири рамзи ҳастии давлат будан Парчами давлатӣ дар ҳама ташкилоту муассиса ва созмонҳои давлатию байналмилалӣ афрохта мешавад.Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Низомнома дар бораи Парчами давлатӣ ба танзим медарорад. Бинобар ин сокинони кишварро месазад, ки нисбати ин рамзи озодӣ, соҳибистиқлолӣ, Парчамӣ давлатӣ эҳтиромӣ хосса зоҳир намуда, парафшонии онро дар сиришту фитрати худ ҳамеша нигоҳ доранд. Парафшонии парчам нишони мутаҳидии мост, бигзор то абад Парчами Тоҷикистони азиз парафшон ва мардуми он озоду соҳибистиқлол бошанд.
Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон