БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Ҳамасола 24 ноябр рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин рўз ба таърихи ҷашну санаҳои муҳими давлатӣ ворид гардидааст. Аввалин бор Парчам ҳамчун нишон ва муқаддасоти Тоҷикистони азиз таърихи 24 ноябри соли 1992 дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аз ин рӯ, сарнавишти парчам бо сарнавишти Иҷлосияи тақдирсози миллат пайванди маҳкам дорад ва имкон медиҳад, ки минбаъд дар шинохту муқаррар намудани мақом ва ҷойгоҳи ин рамзи давлатии Тоҷикистон қадами устувор гузошта шавад.

Мақсад аз таҷлили Рӯзи Парчам, пеш аз ҳама, мусоидат дар таҳкими шуури сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, бозшиносии ин рамзу нишони ҳастии давлат ва миллат дар миқёси кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Маълум аст, ки Парчам дар қатори Конститутсия, Суруди миллӣ ва Нишон аз рукнҳои аслии шинохт ва муаррифии давлат ба шумор меравад.

Аслан миёни мардуми тоҷик фарҳанги парчамдорӣ аз замонҳои қадим ҳамчун нишона ва баёнгари рамзи муттаҳидӣ ва ҳамраъйӣ арзи вуҷуд дошта, он мардумро ба сӯи зафар ва ягонагӣ ҳидоят намудааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ дидан мумкин аст, ки аввалин бор фарҳанги парчамдорӣ ба унвони дирафши ковиёнии мансуб ба Коваи оҳангар чун рамзи ифтихори миллӣ ва нишони таъмини ваҳдату ягонагӣ ва мубориза бар зидди душману бадхоҳони миллат ба вуҷуд омада будааст.

Парчами нангу номи мо,

Пораи ҷисму ҷони мо .

Нуру зиёи ҷашну дил,

Парчами коваёни мо.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлолияти давлатӣ, садоқату рафоқат, шаъну шараф, ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ ба шумор меравад. 

Нафиса Нарматова, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон                                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg