БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАҲРАМОНИ ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Ҳар як миллат дар тӯли тамаддун ва мавҷудияти худ бо фарзандони оқилу доно, баномусу баор, ватандӯсту ватанпарвар, халқдӯсту халқпарвар, ҷонфидо барои миллат абадан чун чароғи равшане, ки торикиро мунаввар менамояд, пойдор ва зинда аст. Фарзандони фарзонаи миллат қаҳрамонони ҷовидониянд. Онҳо дар саҳифаҳои таърих, ҷиллотарин ва абадитарин саҳифаҳо маҳсуб меёбанд. Номи абадзиндаи он родмандонро ҳеҷ ягон воқеа аз байн бурда наметавонанд, чунки онҳо дар умқи дили халқ маскан доранд. Онҳо ҷонфидоҳое мебошанд, ки ба хотири ҷовидон мондани миллат тамоми донишу малака, маҳорату ғайрат, кордонию корбариро ба роҳ монда, баҳри ватану миллат билохира лозим шавад, ҷони худро мебахшанду миллатро наҷот медиҳанд.

Агар назаре ба таърихи миллати куҳанбунёд намоем, аз саҳифаҳои қаҳрамониҳои он бузургони миллат гувоҳӣ медиҳад, ки пур аз тазоду роҳҳои пурпечутоб, гиреҳҳои нокушода, мушкилоти сарбаста, роҳҳои нишебу фарозро баҳри халқаш тай карда, ҳалли ин мушкилотҳоро барои тинҷиву осудагӣ ва ободии диёр дарёфтаанд. Тоҷикон он зумра миллате ҳаст, ки бо он дарёдиливу баландҳимматие, ки дорад, ҳаргиз касеро аз худ паст нагузоштааст ва ба ӯ бо чашми таҳқир назар накардаанд ва барои ғасби сарзамини бегонае лашкар накашидаанд, ҳамин аст, ки то ба имрӯз тоҷикон соҳибватану соҳибмиллату соҳибзабонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он зумра қаҳрамононест, ки афкори хирадмандиву асолати миллати худро тақвият бахшида, зиндаву ҷовид гардонида истодааст.

Ба Ватан баргардонидани ятимон аз сарзамини ҷангзадаи Сурияю Ироќ бори дигар ҳақиқати хирадмандии ин марди саховатпеша, хирадманд, халкпарвар, билохира хомии сарзамини тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардонид. Агар модар, падар онҳоро аз Ватан беватан, аз бистари гарму нарми тифлӣ бенасиб гардонида бошанд, аммо Ватан фарзандони худро ба оғӯши гармаш гирифа, аз хатарҳою ноумедиҳо паноҳашон менамояд. Ин аст фазилати сарвари хирадманди мо!

Ҳар як аср нобиғаҳо ва бузургони миллати худро дорад, ки равшангарони ҳастии миллатанд.

Дар сарзамини тоҷикон ҷанги шаҳрвандӣ сар заду оташи ҷанг ҳамаро ба коми оташини худ фурӯ мебурд, қалби модар-Ватан баҳри фарзанду диёри биҳиштосои худ фарёди ҷонкоҳ мезад. Душмани миллат аз гумроҳгаштагон истифода мекарду оташи ҷангро равшантар мекард. Чи хеле ки дар он рӯзҳо ин мисраҳои шеърї аз радио садо медод:

Эй ҳамватанон миллатам афгор шудаст,

Айби дигарон ба гарданаш бор шудаст.

Эй ҳамнафасон санги ғазабро шиканед,

Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Халқи тоҷик хонабардӯш шуда, номи гуреза аз ватанро гирифтанд. Хавфи аз байн рафтани миллат дар миён омада, Ватан дар ҳалқаи ҷанги беадолат афтода буд.

Сарзамини офиятдидаро наҷоти миллат пеш омад. Дар соатҳои даргириҳо модарони сарсону саргардон аз дуриҳо дур аз Ватан бо оҳи сард дар ҳасрати сарзамини аҷдодӣ ашки ҳасрат мерехтанд ва аз Худои мутаъол талаб доштанд, ки кош Тоҷикистони моро тинҷу ором гардонад ва сулҳу озодӣ насиби мардуми тоҷик гардад. Хамин буд, ки ба сари ин миллати ҷафодида худованд фарзанди бузургу сарнавиштсозро ҳамчун офтоби нуронӣ, ки аз шуълаҳои гарми он, дилҳои сардшуда гарм, чеҳраҳои тирагашта равшан, умедаздастдодагон боумед шуданд.

Дар сарзамини хушкгардидаистода оби ҳаёт чорӣ гашт. Хиради азалии тоҷикон ғолиб омада, бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳи тоҷикон ба имзо расид, ки бузургтарин рӯйдоди таърихии давронсоз маҳсуб меёбад, ки чунин сулҳ ва ваҳдати бадастовардаи тоҷиконро оламиён орзу менамоянд ва ин дастовард тавонист, ки бори дигар бузургиии ин миллати куҳанро арзёбӣ намояд.

Ба имзо расидани ин санади муҳим аз тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ башорат дод, ки ин маҳз бо ибтикори бевосита ва меҳнати шабонарӯзӣ, азму талоши пайгиронаи Сарвари давлат буд, ки ин хизмат дар таърихи 2300- солаи тоҷикон ниҳоят арзишманд аст.

Зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву фарҳангӣ, худогоҳию худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ густариш ёфт. Сарвари давлат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонгаштаро сарҷамъ намуд ва садҳо ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонид.

Қумриниссо Гулмуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg