ХОВАЛИНГ. Дар ҷамъомаде, ки дар маҳаллаи Дашти қавақи ҷамоати деҳоти Ховалинг бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҷимҳати ба мардум фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида шуд, сокини маҳалла Раъногул Қодирова пешниҳод намуд, ки барои мунтаззам ба аҳолӣ расонидани сиёсати дохилию хориҷии давлату ҳукумат, аз ҷумла Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалла ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шавад.
Ҷамъомадагон бо овоздиҳӣ Дилрабо Сафароваро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб намуда, ба якчанд нафар сокинони маҳалла, ки ба сафи ҳизб шомил шуданд ба таври тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супориданд.
Сипас, дар назди сокинон Саттроров Сайҷалол мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баромад намуд.
Мавсуф зимни суханронӣ дар бораи вазифаҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, хатари афзояндаи терроризму ифротгароӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пардохти маблағи барқи истифодашуда, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ҳизбу ҳарактҳои тундгаро, пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона, мубориза бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ва дигар дастуру супоришҳои Сарвари давлат, аз ҷумла ба қадри талаботи дусола захираи маводи хӯрока ва хӯроки чорво ба таври васеъ бо овардани мисолҳо аз ҳаёти ҳамарӯза суҳбат намуд.