Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
АНДЕША. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтанд:
“Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Парчами давлатии Тоҷикистон бояд барои ҳар як сокини ҷумҳуриамон азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он, яъне ба миллати тоҷик нишон диҳад. Зеро тавре аз оинаи нилгун пайваста мебинем дар мусобиқаҳои мухталифи ҷоми ҷаҳонӣ Парчами миллии ин ё он варзишгари ғолиб баъди ғолиб омаданаш бо навохтани Суруди миллии он кишвар вобаста ба ҷои ишғолкардааш бо тантанаи махсус боло бардошта мешавад. Варзишгар аз дидани парчами миллии кишвари худ бисёр хурсанд мешавад ва ҳатто аз ғолибияти кишвари худ ашки шодӣ дар он лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёташ ҷорӣ мегардад.
Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон, алалхусус барои мо ҷавонони даврони гулгулшукуфӣ ва соҳибистиқлолии кишвар, нишонаи бақои миллат, ваҳдати комил, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Хулоса, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои кишвари маҳбубамон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин рамзи муқкаддас то абад пойдор бимонад.
Саидов Илҳом, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар