БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН –НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Насли калонсолтари ҷумҳурӣ ёд доранд, ки дар Иҷлосияи таърихии 16 –уми Шӯрои Олии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 Роҳбари ҷавони давлати тозабунёди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханони паёмбаронаашон ба миллат ва оламиён дарак доданд, ки ҷомеаро ба сулҳу ваҳдат меоварад ва дар ин роҳ агар лозим шавад ҷони худро дареғ намедоранд. Баъди он, ки душманони дохиливу хориҷии мо дар Тоҷикистон оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро барафрӯхтанд, ин таъбири хирадмандонаи Пешвои миллат ба ояндаи неки сулҳу салоҳ дар ҷомеа асос гузошт. Аз рӯзҳои аввали сардори давлат интихоб шуданашон парешонии ҷомеаи Тоҷикистон ва дилҳои пур аз кинаву хусумати одамони минтақаҳои гуногуни онро беҳтар аз дигарон, равшантар, дақиқтар эҳсос менамуданд ва суханони худододи дар он лаҳза гуфтаашон, ҳамватанони ба гирдоби фоҷиа гирифторро хоҳу нохоҳ ба андеша рӯй овардан, ба ваҳдат ва даст кашидан аз худкушӣ водор сохтанд.

Ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинанд ва пайваста ба дигарон талқин менамоянд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаро, ки ҳамдиёрону дӯстонро ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ғояи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки чунин ғояҳо дар садсолаҳо ва ҳато ҳазорсолаҳо як бор тавлид ва амалӣ мешаванд ва асосгузору амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънавиӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд.

Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои чунин хислати накӯ ва фарҳанги олӣ мебошанд. Ҳамин ғояи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ватан ҳаст, ки ҳамчун мавҷҳои тӯфон амалҳои фардҳо ва гурӯҳҳоеро, ки ба рушду нумӯи Тоҷикистон зиён меоранд, ба нестӣ бурда истодааст. Дар солҳои фоҷиабори 1992 – 1993 сардори давлати тозабунёди Тоҷикистон бо амалҳои ҷавонмардона ва шуҷоатмандонаи худ дар дили шаҳрвандон, тоҷикистониёон шӯълаи умедро ба фардои нек меафрӯхтанд. Бо қаҳрамонии ба худ хос, тавассути чархболи муддатҳои дароз истифодашуда ба Хустдеҳи Афғонистон парвоз карданашон, вохӯриву суҳбатҳои самимонаву ватанпарастона ва самароварашон бо мухолифини давр сазовори эҳтирому эътиқоди лашкаркаши маъруфи тоҷиктабори Афғонистон марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд гардиданашон яке аз лаҳзаҳои зиндагиномаи пуршарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳури Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад .

Ғуриева Муслима, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg