БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Аз таърих ба мо маълум аст, ки миллати тоҷик дар масири таърих чи бурду бохтҳоеро аз сар гузаронидааст. Ҷангҳои хунин, тобеиятҳо ба давлатҳои замон натавонистаанд рӯҳияи ин мардумро шикаст диҳанд. Дар ин миён фарзандони ҷасуру диловари ин меҳан тавонистаанд сарзамини аҷодииашонро аз зери зулму асорат қавму қабоили гуногун озод карда, зиндагии мардумро ба маҷрои нав равона кардаанд.

АНДЕША. Соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Ҷанг ба Тоҷикистони тозаистиқлол хисорти ниҳоят бузурги моливу ҷонӣ овард. Дар кишвар нобасомониҳо ҳукмрон буд. Тамоми соҳаҳои мамлакат фалаҷ гардида буданд. Ҳатто дар ин давра хавфу хатари азбайнравии давлати тозабунёд ба мушоҳида мерасид. Рафъи ҳамаи инро Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон муайян кард.                          

Иҷлосия аз моҳи ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд (вилояти Ленинобод) шуда гузашт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуданд. Дар ҳамин Иҷлосия ба мардум хитоб карда гуфтанд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам, мо бояд ёру бародар бошем то вазъиятро дар кишвар таъмин кунем”. Ин суханони рӯҳбахши фарзанди фарзонаи миллат ба ҷисму ҷони мардуми парешонгашта як рӯҳу тавон бахшида, онҳо ба зиндагии босаодати худ боварӣ ҳосил карданд ва дар атрофаш ҷамъ шуданд, ки ин шаҳодат аз хиради волояш аст.            

Аз замири навҷавониҳои таърих,                                                

Навҷавониҳои Сомон боз омад,                                      

Аз вафову шафқати фарзандҳоят,

Тоҷикистон! Тоҷикистон, боз омад!

Дар таърихи навини тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки натанҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.                                                                      

Ноил шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат шаҳодати хизматҳои шоёнашон баҳри ин давлату миллат мебошад. Имсол, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишварамон ҷашн гирифта шуд, дар ин муддат миллати тоҷик тавонист бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузорад.                                

Раҷабалиев Самандар,  омӯзгори МТМУ №4-и н.Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg