Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар якҷоягӣ бо волонтёрони назди Кумитаи иҷроия бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳаллаҳо ва деҳаҳои ноҳия ҳамарӯза бо маром идома дода истодаанд.
Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроия оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ва эҳтиёт аз хатару оқибатҳои бемории коронавирус дар ҳамкорӣ бо ихтиёриён бо сокинони деҳаи Олтинсойи ҷамоати деҳоти Истиқлол корҳои фаҳмондадиҳиро оиди пешгирии сироятёбӣ ба бемории Коронавирус бо усули «хона ба хона» баргузор намуда, ба сокинон таъкид намуданд, ки яке аз омилҳои асосии пешгирии ин беморӣ безараргардонии ҷойи кор ва макони зист, риояи қоидаҳои бехатарии беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи ниқоб ва риояи фосила ба шумор меравад.