ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид Шералӣ, директори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №4” Давлатов Убайдулло ва муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмуни расми беҳтарин баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур, хонандаи синфи 9 аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Ҳалимов Абдурауф ғолиб гардида, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт.