БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ-ИФОДАГАРИ ОЗОДӢ ВА СОҲИБИХТИЁРӢ МАҲСУБ МЕЁБАД

Ҳафтахтар ҳафт бурҷи роҳи нур,
Роҳкушои
олами бахту сурур.

АНДЕША. Яке аз рамзҳои давлатдории миллиамон парчам мебошад, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16-уми тақдирсози кишварамон тасдиқ гардид ва то имрӯз дар фазои софу озоди кишварамон партавафшон аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари даврони соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддуни ғановатманд ва пурифтихорамон ба шумор меравад. Дар боби 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақсади муайян намудани мақому манзалат ва тартиби истифодаи расмии Парчами давлатӣ дарҷ ёфтааст. Дар муқаддимаи Қонуни мазкур чунин омадааст: «Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла азёд донистани Суруди миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатӣ дар тамоми чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳо, маҷлисҳои тантанавӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ, дар қароргоҳҳои ҳукуматӣ, мақомоти давлатӣ ва ғайра гузошта мешаванд. Тасвири Парчами давлатӣ дар пулњои миллӣ, коғазҳои қиматнок, ифтихорномаю шаҳодатнома, гувоҳномаю шиносномаҳо, ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва дигар ашёи арзишманд инъикос ёфтааст ва хурду бузурги кишвар аз он ифтихор доранд. Ҳангоми сафариПешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ дар маросими ташрифоти расмӣ ҳатман Парчами давлатӣ афрохташуда, Суруди миллӣ танинандоз мешавад. Инчунин, ба ифтихори ба дастовардани ғалаба дар мусобиқаҳои варзишии ҷоми ҷаҳонию байналмилалӣ Парчами давлатӣ боло бардошта шуда, оҳанги Суруди миллӣ садо медиҳад, ки зимни он ҳар фарди ватандӯсти кишварро ҳолати эҳсоси фахру фараҳ ва болидагӣ фаро мегирад.

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки дар даврони истиқлолият беш аз пеш ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистонро дар ҳар як гӯшаю мавзеъ-биноҳои маъмурию хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои гуногун дидан мумкин аст. Махсусан, маҷмааи Парчами давлатӣ дар маркази пойтахти азизамон диққати ҳар як сокину меҳмонро ба худ ҷалб менамояд. Он ҳамчун баландтарин парчам ба китоби “Рекордҳои Гиннес” шомил гардидааст, ки ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон дар ҳар як шаҳру ноҳия ва гӯшаҳои ватани маҳбубамон низ майдону маҷмааҳои бешумори парчами давлатӣ бунёд шудаанд, ки барои талқин намудани ғояҳои худшиносӣ ва баланд бардоштани эҳсоси волои меҳанпарастӣ барои насли ҷавону наврас хидмати шоиста менамоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи Парчами миллӣ 30 августи соли 2011 эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллиро, ки рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус мебошад, ёдрас намуда, таъкид доштанд, ки: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи

ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ, эҳтирому ифтихор ва қадршиносии парчами давлатӣ, ки таҷассумгари умеду ормонҳои мардуми мо, рамзи давлатдорӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ маҳсуб мешавад, вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти кишварамон мебошад.

Нуруллоев Саъдулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg