МУЪМИНОБОД. Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва нақша – чорабиниҳои Кумити иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни «Расми беҳтарин» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонону наврасон ва тарғиби муқаддасоти миллӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод тасмим гирифтааст, ки ғолибони озмунро муайян намуда, онҳоро бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида, яке аз беҳтаринҳоро ба даври вилоятии озмуни мазкур пешниҳод менамояд.