БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ - РУКНИ АСОСИИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КАТС”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Парчам рукни асосии муқаддасоти миллӣ” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳия гузаронида шуд.

Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев қайд намуд,ки парчам барои шаҳрвандони ҳар як давлати соҳибистиқлол мояи ифтихору сарфарозӣ буда,ифодагари ҳимояи марзу бум,забону фарҳанг, Ватану миллат ва нангу номуси фарзандони асили он мебошад.Аз ин рӯ,соҳиби парчами миллӣ будан ин худ рамзи мустақилияту соҳибихтиёрии давлат буда, парафшонии он дар гӯшаву канори олам аз мавҷудияти ҳамон давлату миллат башорат медиҳад. Мо аъзои ҲХДТ таҳти шиори бунёдкориву созандагӣ, бо муҳаббату эҳтироми зиёд нисбат ба Ватану муқаддасоти он ҳамеша талош меварзем,ки дар таҳкими давлату давлатдорӣ, Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он саҳмгузор бошем ва аҳли кишварро низ барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумат ҳидоят намоем.

 Ба аъзои фаъоли ҲХДТ барои амаӣ сохтани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳия супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg