БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ТЕРРОРИЗМРО БА ТАМОМИ ШАКЛУ ЗУҲУРОТАШ МАҲКУМ МЕНАМОЯД

АНДЕША. Терроризм падидаи сиёҳу ғайриқонунӣ ва ҷинояти муташаккил унвон гардида, ба вазъи кунунии сайёра ва ҳаёти инсонҳо хатари ҷиддие дорад.  Зеро имрӯз ҳодисаҳои ба амал омадаистодаи террористӣ  исбот месозад, ки исломро бадном мекунад ва аз  номи Ислом баромад карда истода амалҳои зиштро содир менамояд. Чунин ба назар мерасад, ки баъзе ақидаҳо мавҷуданд, дар як сатҳ мафҳуми терроризм, ки исломро бо ҳам пайванд дода, яке будани онҳоро ба афкори ҷамъияти ҷаҳонӣ талқин мекунанд, аммо ин хатост. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем. Шахси ифротгарои динӣ барои ҷомеа ва инсонҳо ба як хатари ҷиддии нуҳуфта табдил меёбад ва тайёр аст, ки нисбат ба ҷомеа ва инсонҳо ҳама гуна таҳқиру нафрат ва бераҳмию зӯровариро раво бинад. Метавон гуфт, ки ифротгароии динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ буда, ба истиқлолияти кишварҳои мусулмонӣ хавфи ҷиддӣ дорад. Маҳз созмонҳои экстремистӣ бавуҷудорандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои баровардани мақсаду ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Террористон бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду  мароми худро амалӣ карданӣ мешаванд, дар ин амали террористӣ бештар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Имрӯз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва Созмонҳои  байналмиллалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳиме нест. Барои маҳви терроризм бояд сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои густариши он мавриди омӯзиш қарор гиранд. Бидуни омӯзиши дақиқ ва илмии сарчашмаҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм имкони нест кардани он вуҷуд надорад. Террористон мекӯшанд, ки то фазои ноамнию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд, ки давлат амнияти бошандагонашро таъмин карда наметавонад.  Бо ин восита мехоҳанд боварии мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод намоянд. Дар ягон давр терроризмро  омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд. Терроризм ҳамчун як зуҳуроти нангин имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ проблемаи муҳим гардидааст. Имрӯз мушоҳида мешаванд,  ки аъзои гурӯҳҳои номбурда чигуна ба харобкориву дассисаандозӣ, нифоқ миёни мардумон, ба  қатлу куштори ваҳшиёна даст зада,  ваҳдати сокинони  кишварро халалдор менамоянд. Ҳарчанд давлатҳо дар алоҳидагию дастаҷамъӣ бар муқобили гурӯҳҳои ифротгару иғвоангез мубориза баранд ҳам, аммо хатари онҳо аз эҳтимол дур нест. 

Меарзад дар бораи ояндаи миллат андеша ронда, пеши роҳи ин саркардагонро гирифта,  ваҳдати  миёни мардумамонро халалдор нанамоянд ва кишвари азизамон -Тоҷикистонро ободу зебо намуда,  фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстиву асолатгароии миллӣ тарбия намоем ва  барои ҳифзи марзу буми ин Ватан ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем ва дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастоварҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ,  муовини раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg