БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ – РАМЗИ МУҚАДДАСОТИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Парчам дар таърих ҳамчун қувваи пешбаранда ва руҳбаландкунандаи лашкар дар ҷангҳои байни империяҳо ва давлатҳо хизмат мекард. Дар таърихи давлатории ҳамаи ҳалкҳои рӯи замин ҳамчун рамзи зиндагӣ мавқеи хосса дорад, зеро он нишонаи таъриху фарҳанги мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Парчами ҳар як давлат таърихи худро дорад ва он бо саҳифаҳои  гуногуни он халқу миллат алоқаманд аст. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлати ниёгони тоҷикон буд. Аз замони қадим нишона ва рамзи муқаддаси давлату миллати тоҷикон буда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо намуданд.

Баъди ҳазор соли бедавлатӣ  ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ ба халку миллат бори дигар имкон дод, ки ба гузаштаи худ назар кунад аз таърихи ачдодони худ дарс гирад ва парчами наверо партарфишон созад, ки воқеан баёнгари кишвари озоду соҳибистикдоли мо бошад. Зеро рӯзҳои аввади соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба солҳое рост омад, ки душманони Заҳҳофнажоди миллат мехостанд кишварро ба коми нестӣ баранд.

«Ҷумхурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Ҳангоме, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ эътироф гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами ҷумхурии нави соҳибистиқлол таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2 марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекситон дар бинои созмон огоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Туркманистон бо далели кабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Туркманистон бардошта шуд.

Ҳамин тавр, то санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пушида ҷараён меёфт . Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро Комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ карор медод. Аксарияти барандагони озмуни бехтарин парчами миллӣ  матои серангаро (яъне матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх – озодӣ, сафед – оромӣ, сабз – ободии давлат ва миллатро бозгу мекард. Комиссия кори худро бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н ва Сайдалиев М пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шахрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард. Ба ин нигоҳ накарда, санаи 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар Иҷлосия “Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаи 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳконон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад1».(http://komron.info/crp/Ta_rihi-Parcami-Tocikiston_crp/)

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки “Рамзҳои давлатии мо муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварро дар руҳияи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ  ва ватану ватанпарастӣ тарбия менамоянд”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз тавассути талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландатарин парчам дар чаҳон (165 м) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури сатҳи давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи бузургии халқи тоҷик ва давлатдории кадимии он мебошад. Ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ, давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тули таърих ба даст овардаанд. Дар ин росто, ба хотири гиромидошти парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатӣ ва руҳияи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ  ва ватану ватанпарастӣ аз бузургии халқи тоҷик ва давлатдории кадимии он, дар аксарият марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фарҳангию фароғатии Парчами давлатӣ сохта шуда, сутунпояи парчами давлатӣ парафшон гардидааст.

Аз соли 2009 то ин вақт ҳамасола рӯзи 24 ноябр ҳамчун рӯзи қабули парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи ҳамватанонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният менамоям. Ба ҳар як соҳибватан баҳри шуҳрат пайдо намудани ватанамон- Тоҷикитон дар байни  давлатҳои дунё  ва барои гулгулшукуфии ватани азизамон-Тоҷикистон камари ҳиммат бастааст комёбиҳои беназирро орзумандам. Бигузор халқи азизамон ҳар куҷое бошад, муарифгари маданияти болои  миллати тоҷик ва баҳри ватани хеш номбардори парчами Тоҷикистон бошад.

Асроров Саидшо, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg