БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – НИШОНАИ ОЗОДӢ ВА САОДАТИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ МО

АНДЕША. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ - Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷасумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидааст. Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор мебошад. Бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории таърихиву тақдирсоз си сол пур шуд.

Чанд сол пеш мо бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчам эълон доштем.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Диравши Ковиён”-и аҷдоди ориёнтаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх- озодиву истиқлол, ранги сафед- сулҳу оромӣ, ранги сабз- ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти таммадуни фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон 165 метрро ташкил медиҳад, ки мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баландтарин буда, тӯли матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноияш ба 30 метр баробар мебошад. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми таърихии миллиамон аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову  муқаддасоти Ватанамон шароити муосирро фароҳам овард.

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Бошад, ки Парчами миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фяарди Тоҷикистон ва ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.

Тавре ки Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Бигузор парчами пурҷилло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшони Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовилон бошад”.

Ғафурзода Рухсора, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg