АНДЕША. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад. Он санаи 24-уми ноябри соли 1992-юм, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлолияти давлатӣ, садоқату рафоқат, шаъну шараф, ифтихор ва ору номуси ватандорист.
Имрӯз Парчами миллӣ, ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунадаи мақсаду маром ва ормони халқи куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад. Парчами мо дар замони Истиқлол василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои халқи мамлакат ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи ҷаҳон гардидааст.
Хусусан, дар пояи баландтарин парафшон будани Парчами давлатӣ рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёдамон мебошад, ки маҳз дар замони Истиқлол ба вуқӯъ пайвастааст.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”.
Мардуми мо бо ифтихор ҷилваи парчами сарбафалаки хешро рамзи ҳувияту огоҳии миллӣ дониста, ба ин рамзи муқаддас шукронаю арҷгузорӣ менамоянд.Муқаддас будани Парчам дар он зоҳир мешавад, ки инсоният онро барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, таъмини баробарию баробарҳуқуқӣ ва барқарорсозию тантанаи адолат баланд мебардорад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамватанони азизро бо рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.
Парчамат ҳамеша парафшон бод, Тоҷикистони азиз!
Раҷабзода Қурбонгул, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон