БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ “РАСМИ БЕҲТАРИН” БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

Ш.ШОҲИН. Бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар муассисаҳои таълимӣ байни хонандагони синфҳои болоӣ  озмуни “Расми беҳтарин” роҳандозӣ гардидааст.

Озмуни мазкур  дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва 3 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Сунатуллоева Мавзуна ва Неъматов Абдуҷаббор доир гардида,  онҳо вобаста Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  яке аз муқаддасоти миллии давлатии мо ба шумор меравад, андешаронӣ карданд.  Инчунин, намояндагони ҳизбӣ дар идомаи суҳбат кайд намуданд, ки як рӯзи муайян, яъне 24 ноябр дар сар то сари кишвар ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвими солшуморӣ муқаррар гардида, хамасола дар Ватанамон- Тоҷикистони азиз ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Баъдан  хонандагон ба   кашидани расми Парчаи миллӣ шурӯъ карда, маҳсули дастони хешро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод карданд.  Дар ҷамъбасти озмуни ҳизбӣ беҳтаринҳо муайян  карда шуда, бо туҳфаҳо ва сипосномаи ҳизбӣ сарфароз  карда мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg