БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РӮЙДОДИ БУЗУРГУ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

ХОВАЛИНГ.  Бо иштироки раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг  бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир карда шуд

Дар назди ҷамъомадагон иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асадуллозода В. Д. баромад намуда, дар бораи таъсиси Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври васеъ маълумот дод.

Аз ҷумла, дар баромад қайд гардид, ки дар дунё шахсиятҳое ҳастанд, ки дар умури давлатдорӣ метавонанд нақши таърихӣ ва созгор дошта бошанд. Онҳо бо маҳорату истеъдоди роҳбарӣ ва  маҳбубияти дар миёни мардумдошта қудрат доранд, ки халқро сарҷамъ ва ба масири созандагӣ ҳидоят намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - гуфт ӯ, - бо ҳамин гуна хислатҳои наҷиб на танҳо ҷангу хунрезии миёни намояндагони миллатро хомӯш карданд, балки давлати дар вартаи нобудшавӣ қарордоштаро наҷот бахшиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳуриро аз нав  сохтанд. Нахуст мардуми фирориро ба Ватан баргардониданд, ба мухолифин Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд, иқтисодро аз буҳрон наҷот дода, корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшиданд. Яъне, тақдири Президент ва мамлакат ба ҳам тавъам омад.  Ин ду мафҳум як маъниро гирифтанд.

Дар хотима Асадуллозода В. Д.  ёдовар шуд,  ки маҳз дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони навин дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg