ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муродалӣ Шамсов бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии муассисаи давлатии варзишии ноҳия вохӯрӣ гузарониданд.
Гадоӣ Сайдалиев оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатару таҳдидҳои терроризму эктремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза ба онҳо, тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва дар зеҳни ҳар як сокини кишвар ҷой кардани ҳисси инсондӯстӣ ва донистани аҳамият ва қадру манзалати сулҳу ваҳдат, тарғиби ҳифзи солимии миллат, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, иштирокдоронро ба корҳои ободониву созандагии кишвар раҳнамоӣ кард.